Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуго Чавез ба орзуи деринааш расид


Мақомоти Венесуэла мегӯянд, мардуми ин кишвар ба тарафдории ислоҳи Қонуни Асосӣ раъй додаанд, ки ба раиси ҷумҳур Ҳуго Чавез иҷоза медиҳад, чанд дафъае, ки хоҳад номзадиашро ба ин мақом пешниҳод кунад. Тибисей Лучена – раиси Шӯрои Миллии Интихобот гуфт, шумориши тақрибан нисфи раъйҳо аз раъйпурсии рӯзи якшанбе нишон додааст, ки ҳудуди 54 дар сади мардум тарафдори чунин ислоҳ будаанд. Акнун Ҳуго Чавез – раиси ҷумҳури феълӣ метавонад, пас аз хотимаи даври раёсати ҷумҳуриаш дар соли 2013 ҳам дар сари қудрат бимонад. Вай даҳ сол боз, раиси ҷумҳури Венесуэла – як кишвари узви ОПЕК созмони кишварҳои содиркунандаи нафт мебошад.
XS
SM
MD
LG