Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил ба Ҳамос шарт гузошт


Эҳуд Олмерт - нахуствазири Исроил мегӯяд, то замоне, ки як сарбози асирафтодаи исроилӣ дар Навори Ғазза озод карда нашавад, кишвараш гузаргоҳҳои марзӣ бо ин минтақаро пурра боз нахоҳад кард. Гилод Шалит – сарбози исроилиро тундравони фаластинӣ соли 2006 асир гирифтанд. Зимни суханронӣ дар ҳузури раҳбарони маҳфилҳои яҳудии Амрико Эҳуд Олмерт эътироф кард, имкон дорад, ки Исроил дар ивази раҳоии Гилод Шалит тундравони фаластиниро аз зиндонҳояш озод кунад. Созмони фаластинии Ҳамос, ки Навори Ғаззаро идора мекунад, ба ҳайси шарти сулҳ бо Исроил хостааст, то тамоми гузаргоҳҳои марзии ин минтақро боз намояд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG