Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон бо Покистон "сулҳ" мебанданд


Интизор меравад, имрӯз мақомоти давлати Покистон ва тундравони шарики Толибон дар водии ноороми Свот аз имзои созиши сулҳ эълом диҳанд. Бино ба гузоришҳо, бар асоси ин тавофуқ, қонунҳои шариъат дар ин водии ноором мавриди иҷро қарор мегирад, ки орзуи деринаи Толибону шариконашон буд. Пештар аз ин ҷангҷӯёни Толиб дар водии Свот созиши даҳрӯзаи оташбас эълом карданд. Минтақаи Свот, ки бояд таҳти назорати комили ҳукумати Покистон бошад, таҳти назари тундравони исломӣ ва ҳомиёни онҳо қарор дорад.
XS
SM
MD
LG