Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адмирали амрикоӣ ба Душанбе меояд


Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, адмирал Марк Ҳарничек – сардори раёсати барномаҳои стратегӣ, сиёсат ва таъминоти моддии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ин ҳафта ба Душанбе меояд. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Марк Харничек тӯли панҷ рӯз бо раҳбарони Тоҷикистон мулоқот ва масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард. Чанде пештар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, иҷоза медиҳад, то ки нерӯҳои Амрико ва НАТО бо истифода қаламрави ҳавоиаш муҳимоти ғайринизомӣ барои нерӯҳои эътилофиро ба Афғонистон интиқол диҳанд. Як роҳи аслии таъмини ин нерӯҳо аз тариқи Покистон ҳоло ба роҳе ноамне табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG