Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ваъдаи Медведев ба бекорони Русия


Дар Русия, ки шумораи бекорон фавқуллода меафзояд, раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев гуфт, ҳукуматаш ҳозир аст, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ камтар аз якуним миллиард доллар харҷ кунад. Дар як сӯҳбати телевизионӣ вай гуфт: "Мо воқеан ин бӯҳронро паси сар ва ҳамаро дуруст мекунем. Ҳама чиз мӯътадил хоҳад шуд. Бояд кор кард ва ҳар як нафар бояд масъулияташро иҷро намояд." Ба гуфтаи Дмитрий Медведев, барномаи кӯмак асосан барои таъсиси ҷойҳои корӣ дар тиҷоратҳои хурду миёна ва арсаи сохтмонӣ пешбинӣ шудааст. Пештар аз ин сӯҳбатҳои Дмитрий Медведев садҳо нафар дар шаҳрҳои Русия ба нишони эътироз аз ихтисори фарогири коргарон аз корхонаву муассисаҳо ба кӯчаҳо рехтанд. Русия бар асари бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва поён рафтани қимати нафт ба мушкилоти зиёди иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудааст ва теъдоди бекорон дар ин кишвар то охири соли гузашта тақрибан ба 6 миллион нафарро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG