Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон оташбас эълом карданд


Ҷангҷӯёни Толиб дар вилояти ноороми Своти Покистон оташбаси даҳрӯза эълом карданд. Муслим Хон – сухангӯи Толибон ин оташбаси муваққатиро, ки ҳамзамон бо музокироти ҷории миёни ҷангҷӯён Толиб ва мақомҳои давлат сурат мегирад, “нишонаи ҳусни ният” унвон кардааст. Айни замон як рӯҳонии тарафдори Толибон гуфтааст, имкон дорад, созиши оташбас миёни ин гурӯҳ ва давлат то рӯзи душанбе имзо шавад. Созишҳои оташбаси пешина дар вилояти Свот бенатиҷа анҷом ёфтаанд, ки ин минтақаи як замон маҳбуб барои саёҳон дар Покистон ҳоло таҳти назорати Толибон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG