Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: "Бисёри одамфурӯшон занонанд"


Дафтари СММ дар умури маводи мухаддир ва ҷиноят (UNODC) дар гузориши тозанашри худ оид ба қочоқи инсон бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, ки бештарин ҳодисаҳои одамрабоӣ, яъне 79 дарсад бо ҳадафи истифодаи қурбониҳо дар бизнеси фаҳшо рӯй медиҳад.

Аксари қурбониҳои ин ҷиноятҳо занҳо ва духтарҳо мебошанд. Яке аз бозёфтҳои таассуфовар ва дар айни замон ғайриинтизории мутахассисони СММ ин будааст, ки ҳар нафари сеюме, ки дар қочоқи инсон иштирок мекунад, зан будааст. Дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон шумори ин гуна занҳои қочоқбар, бо сабаби вижагиҳои фарҳангию суннатии ин ҷомеаҳо, ду баробар бештар, яъне дар ҳудуди 60 дар сад будааст.

Дар ин замина, Ҷулие Кваммен, як масъули бахши мубориза бо ҷиноятҳо ва қочоқи инсон дар UNODC роҷеъ ба вазъи Тоҷикистон бо радиои Озодӣ сӯҳбат кард. Ҷулие Кваммен, корманди масъули Дафтари СММ дар умури маводи мухаддир ва ҷиноят аст, ки мақарраш дар пойтахти Австрия, шаҳри Вена мебошад. Вай гуфт, гузориши тозанашри ин созмон роҷеъ ба қочоқи инсон нахустин чунин як таҳқиқоти бузургҳаҷме мебошад, ки вазъи 155 давлати ҷаҳонро дар мисоли 50 ҳазор гумонбарони қочоқи инсон ва қурбониҳои ин ҷиноятҳо бозгӯ мекунад. Ин гузориш масъалаи қочоқи инсонро дар ҷаҳон дар марҳилаи солҳои 2007-2008 мавриди омӯзиш қарор додааст. Вай гуфт, ки қисмати аслии маълумот дар ин гузориш бар пояи иттилои расмии сохторҳои масъули ин кишварҳо таҳия шуда, боқӣ маълумотро худи UNODC ба даст овардааст.

Хонум Кваммен гуфт, яке аз бозёфтҳои аслии таҳқиқот ин аст, ки баъди соли 2003 шумори кишварҳое, ки қонунгузории вижаро барои муҷозоти ҷиноятҳои марбут ба қочоқи инсон қабул ва тадбиқ кардаанд, ду баробар афзоиш ёфтааст. Ва бинобар ин, мавридҳои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани нафарон бо ҷурми одамрабоӣ ҳам афзоиш ёфтааст, ҳарчанд ҳамоно дар муқоиса бо ҷиноятҳои дигар хеле кам боқӣ мемонад.

Таҳқиқи СММ собит кард, ки қариб 80 дар сади ҷиноятҳои марбут ба одамрабоӣ бо ҳадафи истисмори ҷинсии инсон содир шуда, боқӣ мавридҳо бо қасди ба кори иҷборӣ ҷалб кардани инсон вобаста мебошад.

Вижагии вазъи Тоҷикистон аз ин назар дар он аст, ки дар ин ҷо қонуни махсуси муҷозоткунандаи қочоқбарон амал карда, инчунин қонунгузории вижа барои истифодаи аъзои бадани инсон бо ҳадафҳои ҷиноӣ амал мекунад. Барномаи миллии мубориза бо қочоқи инсон низ қабул шудааст, ки ҳамаи ин боиси афзоиш ёфтани мавридҳои ба ҷавобгарӣ кашондани муттаҳамон дар солҳои 2004 то 2006 гардидааст. Ҳамин тавр, Ҷулие Кваммен бо такя ба иттилои расмӣ гуфт:

"Дар Тоҷикистон соли 2004 танҳо 16 нафар аз рӯи ҷиноятҳои марбут ба одамрабоӣ мавриди таҳқиқу бозҷӯӣ қарор гирифтанд. Ва соли 2006 шумори ин гуна афрод то 58 нафар афзоиш пайдо кард. Аз ин шумор мутаносибан 11 нафар дар соли 2004 ва 47 нафар дар соли 2006 барои қочоқи инсон ҳукм гирифтанд".

Дар Тоҷикистон, афзуд хонум Кваммен, дар миёни қурбониҳои қочоқбарон шумори занон фавқулодда зиёд аст.

"Соли 2005 расман гузориш шуд, ки 142 зан ва панҷ духтару чаҳор писари то 18-сола қурбони қочоқбарҳо шуданд. Соли 2006 - 70 зан ва шаш духтару шаш писар ба дасти ин гурӯҳҳо афтоданд. Ҳамаи қурбониҳои гузоришшуда тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ки аз кишварҳои Ховари Миёна баргардонида шуданд. Тибқи нишондодҳо, ҳамаи онҳо қурбони истисморҳои ҷинсӣ шудаанд".

Вижагии дигари ҷиноятҳои марбут ба қочоқи инсон дар Тоҷикистон дар ин аст, мегӯяд ин мақоми СММ, ки ҳамаи қурбониҳо шаҳрвандони ин кишвар буда, аммо ба хориҷ бароварда шудаанд, яъне дар Тоҷикистон қочоқи инсон хусусияти байналмилалиро касб кардааст ва ҳеҷ як ҷинояте дар сатҳи дохилиҷумҳуриявӣ қайд нашудааст. Ҳарчанд, афзуд ӯ, дар саросари ҷаҳон тамоюли баръаксро мушоҳида кардан мумкин аст, ки мавридҳои одамрабоӣ дар дохили кишвар бештар мешавад. Ҳоло тахмин задан мумкин аст, ки шояд баъзе ҳодисаҳо қайдношуда боқӣ мемонад.

"Оморе, ки дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъоварӣ шудааст, аз ин назар фарқ мекунад, чунки аксари қурбониҳои қочоқбарон, ки шаҳрвандони ин кишварҳо ҳастанд, дар хориҷа ошкор шудаанд".

Масъалаи мубориза бо қочоқи инсон хеле печида аст ва решаканшавии он корест басо мушкил. Чунки, ба қавли Ҷулие Кваммен аз UNODC, ин ҷиноят қобилияти дар ҳар шароит мутобиқшавиро дорад ва аз ҳамин хотир, ошкоркунии он кори содда нест.

"Қочоқбарон роҳҳо ва шакли иҷрои кори худро зуд тағйир медиҳанд. Бо шадидтар шудани муборизаи полис зидди ингуна ҷиноятҳо, онҳо ҳам зуд ба шароит мутобиқ мешаванд ва аз ҳамин хотир, ошкор кардани ингуна шабакаҳои ҷиноӣ кори хеле сахт аст".

Хонум Кваммен гуфт, ки дар фурсати наздик созмони онҳо гузориши навро дар заминаи вуҷуди иртибот миёни қочоқи инсон ва ришват таҳия ва нашр хоҳад кард, ки дар он муфассал оид ба роҳҳои ҷалби сохторҳои қудратӣ ба хариду фурӯши инсон баҳс хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG