Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Карзай ва Ҳолбрук анҷом шуд


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ки кишвари вай дар арзёбиҳои ҷанги зидди террори ИМА-и Афғонистон иштирок хоҳад кард. Изҳороти Карзай баъди боздиди имрӯзааш бо фиристодаи вижаи ИМА дар Афғонистону Покистон Ричард Ҳолбрук садо дод. Вай гуфт, ки ба раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама сипосгузор аст, ки пешниҳоди Афғонистонро барои ширкат дар ҷараёни баррасиҳои стратегии мазкур пазируфтааст. Карзай гуфт:

"Ман аз сафир Ҳолбрук паёми президент Обамаро гирифтам. Аз президент Обама бисёр миннатдорам, ки пешниҳоди маро дар мавриди изофа кардани Афғонистон ба арзёбиҳои стратегияи ҷанг бар зидди терроризм қабул кард".

Амрико ҳукумати Карзайро барои талоши нокофиаш дар роҳи решаканшавии фасоду ришват ва адами тавсеаи назорат дар манотиқи берун аз Кобул муттаҳам кардааст. Дар навбати худ Карзай батакрор дар бораи ғайри қобили қабул будани кушторҳои мардуми осоишта бар асари ҳамлаҳои ҳавоии амрикоиҳо изҳорот додааст.
Ричард Ҳолбрук имрӯз гуфт, ки боздиди вай аз Афғонистон ба хотири намоиши пойбандии Амрико ба ӯҳдадориҳояш дар баробари ҷанги зиддитеррор анҷом мешавад. Вай гуфт:

"Мо аз номи президент Обама, вазири хориҷа Клинтон ва маъмурияти нави Амрико ба ин ҷо омадем, то бори дигар бар талошҳои Амрико дар ҷанг бар зидди Толибон ва Ал-Қоида таъкид кунем. Мо омадем, ки назари шуморо бишнавем ва омӯзем".

Ҳолбрук, ки дирӯз вориди Кобул шуд, бо як идда мақомоти баландпояи Афғонистон, сиёсатмадорону гурӯҳҳои мухолифин, аъзои парлумон ва созмонҳои ҷамъиятии ин кишвар мулоқот кард.
Қарор аст имрӯз ӯ бо қасди Ҳинд Кобулро тарк кунад.
XS
SM
MD
LG