Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати ИМА дар ташкили нишасти зиддинажодпарастӣ


Маъмурияти раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфт, ки дар ҷаласаҳои омодагӣ ба баргузории конфронси СММ оид ба нажодпарастӣ ширкат хоҳад кард. ИМА ва кишварҳои аврупоӣ зери фишори Исроил қарор доранд, ки аз онҳо тақозо кардааст дар ин ҷаласаҳо иштирок накунанд. Соли 2001 дар ҷараёни нахустин чунин як конфронсе ҳангоми талоши бархе барои муқоисаи "сайҳунизм", яъне ҷумбише барои таъсиси давлати Исроил дар қаламрави Фаластин бо нажодпарастӣ ИМА ва Исроил шадидан эътироз карданд. ИМА гуфтааст, ки бояд дар мавриди ширкаташ дар нишасти имсолаи СММ дар ин мавзӯъ дар Женева, ки ба моҳи апрел таъин шудааст, тасмим хоҳад гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG