Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати афғон ҳамсарашро лату кӯб кард


Дар ИМА як дипломати афғонӣ дар лату кӯб ва озори ҳамсараш айбдор мешавад. Мақомоти додситонӣ гуфтанд, ки полис дипломати афғон Муҳаммад Фақирод, муовини раҳбари консулгарии Афғонистон дар Ню-Йоркро рӯзи ҷумъа, дар хона ҳангоми ҳамла ва лату кӯби ҳамсараш боздошт карданд. Фақирод ҳангоми боздоштшавиаш ба масунияти дипломатии худ пофишорӣ кардааст, аммо додситонҳо гуфтаанд, ки ҳақи масунияти вай танҳо дар умури корӣ тадбиқ мешавад.
XS
SM
MD
LG