Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Кобул дар арзёбиҳои ҷанги зидди террор


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ки кишвари вай дар арзёбиҳои ҷанги зидди террори ИМА-и Афғонистон иштирок хоҳад кард. Изҳороти Карзай баъди боздиди имрӯзааш бо фиристодаи вижаи ИМА дар Афғонистону Покистон Ричард Ҳолбрук садо дод. Вай гуфт, ки ба раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама сипосгузор аст, ки пешниҳоди Афғонистонро барои ширкат дар ҷараёни баррасиҳои стратегии мазкур пазируфтааст. Кобул қарор аст як ҳайатро ба раҳбарии вазири хориҷаи Афғонистон Рангин Додфари Спанто ба Вашингтон барои ширкат дар ин маросим сафарбар кунад. Обама амр додааст, ки иллатҳои афзоиши тундгароии исломӣ дар Афғонистон ҳафт сол баъди шурӯи ҷанги зидди террор дар ин кишвар аз ҷониби нирӯҳои ИМА ва муттафиқонаш мавриди таҳқиқ ва арзёбии ҷиддӣ қарор дода шавад.
XS
SM
MD
LG