Пайвандҳои дастрасӣ

Муборизаи Боливия ва Русия зидди кокаин


Эво Моралес, раиси ҷумҳурии Боливия барои анҷоми як сафари расмӣ имрӯз вориди Маскав мешавад. Моралес гуфт, ки вай аз Русия дар мубориза зидди маводи мухаддир кӯмак хостааст, дар ҳоле, ки ИМАро барои хатми ёриҳояш дар роҳи ҷилавгирӣ аз кишти маводи мухаддир муттаҳам мекунад. Моралес аз мақомоти русӣ дархости ироаи қарзҳо ва чархболу муҳимоти дигарро барои мубориза бо кишти кокаин хоҳад кард. Баъди Колумбия ва Перу - Боливия сеюмин кишвари азимтарини тавлидкунандаи кокаин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG