Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ҳолбрук ва Карзай дар назар аст


Фиристодаи нави ИМА дар Афғонистон ва Покистон имрӯз боздиди худро аз Кобул идома хоҳад дод. Қарор аст Ричард Ҳолбрук ва раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай баъди мулоқоте ба суолҳои хабарнигорон посух диҳанд. Карзай гуфтааст, ки феълан равобити Кобулу Вашингтон дар ҳоли таниш қарор дорад. Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико ҳукумати Карзайро барои "дур шуданаш" аз мардум айбдор кардааст. Дар чанд рӯзи наздик Обама қарор аст тасмими худро оид ба ирсоли 25 ҳазор нирӯи иловагӣ ба Афғонистон барои тавсеаи мубориза бо Толибон ва Ал-Қоида эълон кунад. Рӯзи шанбе дар Кобул мулоқоти Ҳолбрук бо Рангин Додфар Спанто, вазири хориҷаи Афғонистон баргузор шуд. Сухангӯи вазорат Султонаҳмад Баҳин дар сӯҳбат бо хабарнигорон роҷеъ ба мӯҳтавои сӯҳбатҳои ду мақом гуфт:

"Фиристодаи Иёлоти Муттаҳида бори дигар пойбандии Амрикоро ба ӯҳдадориҳояш дар баробари Афғонистон дар масоили кӯмак ба барқарорсозии ин кишвар, пайвастан ба ҷанги зиддитеррор, демократияву ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон такрор кард. Ҳарду кишвар бар зарурати ҳамкориҳои минтақаӣ таъкид карданд. Дар ҳамаи ин масоили баррасишуда мавқеи ҷонибҳо яксон буд".

Дар айни замон, таҳлилгарон мегӯянд, ки равобити миёни Карзай ва пуштибонони ғарбии ӯ ҳоло тавре нест, ки дар оғози муборизаҳои зиддитеррор будааст. Ғарб Карзайро дар нокомиаш барои эҷоди як ҳукумати муассире, ки тавонад берун аз Кобулро фаро гирад ва инчунин адами ҷилавгирӣ аз фасоду ришват муттаҳам мекунад. Карзай дар навбати худ батакрор дар бораи ғайри қобили қабул будани кушторҳои мардуми осоишта бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ сӯҳбат мекунад. Рӯзи шанбе дар мулоқот бо мақомоти умури дифоъ Афғонистону Амрико ба тавофуқ расиданд, ки дар оянда афғонҳои бештарро барои ширкат дар барномарезиву иҷрои амалиёти зиддитеррористӣ роҳ хоҳанд дод. Баъди Кобул Ричард Ҳолбрук қарор аст ба Ҳинд сафар кунад.
XS
SM
MD
LG