Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толеъ Холназаров, вазнабардори маъруфи тоҷик, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи пауэрлифтинг дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барандаи медали биринҷӣ гардид, имрӯз, 15-уми феврал, ба ватан баргашт.

Толеъ Холназаровро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе намояндагони порлумон ва ташкилотҳои варзишии кишвар, дӯстону наздикон ва мухлисонаш бо гулу гулдастаҳо гарму ҷӯшон истиқбол карда, ӯро бо дастоварди бузургаш дар сабқати ҷаҳонӣ муборакбод гуфтанд.

Вай ба Радиои Озодӣ гуфт: «Сабқати ҷаҳонӣ дар шаҳри Вест Палм бичи иёлати Флоридаи Амрико бо ширкати 370 варзишгар аз 40 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Ман дар сабқати варзишгарони вазнашон 110 кг барои аввалин бор дар се навъи рақобатҳо бо натиҷаи умумии 950 кг (380+230+340) ҷои севумро касб карда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардидам. Рақиби аслиам - вазнабардори Русия Сергей Стародубский - бо натиҷаи умумии 1035 кг (420+292,5+322,5) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Намояндаи ИМА Ҷо Ҷордан бо натиҷаи умумии 1005 кг (410+282,5+312,5) ҷои дуввумро соҳиб шуд».


Бояд гуфт, ки Толеъ Холназарови 33-сола поягузори пауэрлифтинг дар Тоҷикистон мебошад. Бо ибтикори ӯ соли 2002 Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки ӯ феълан раиси ин федеросиюн аст.

Толеъ Холназаров аввал дар рақобатҳо дар вазни 82 кг, баъдан дар вазни 90 кг, аз соли 2006-ум дар вазни 100 килограмм ҳунарнамоӣ мекард. Ахиран ӯ дар вазни 110 кг рақобат намуд. Натиҷаи беҳтаринаш дар сеҳарба 950 килограмм ва дар як навъи рақобатҳо – бардоштани вазна то камарбанд – 345 килограмм мебошад.

Дастовардҳои бузурги варзишии Толеъ Холназаров дар риштаи пауэрлифтинг:
соли 1996 – барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Финляндия,
соли 1997- қаҳрамон ва соли 1998-ум барандаи Ҷоми Қазоқистон,
соли 1998 – барандаи медалҳои тилло ва биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Маҷористон,
соли 2000 – барандаи медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Навоии Узбакистон,
соли 2005 – барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико,
соли 2006 - барандаи медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни варзишгарони ҳирфаӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико,
соли 2008 – барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Палм бичи иёлати Флоридаи Амрико.


Инчунин намояндаи дигари Тоҷикистон, шогирди Толеъ Холназаров - Фирӯз Нуров ахиран дар сабқати ҷаҳонӣ дар ИМА байни варзишгарони вазнашон 125 кг дар як навъи рақобатҳо бо натиҷаи 270 кг пас аз варзишгарони ИМА ва Русия ҷои севумро касб карда, бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG