Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишҳои эътирозӣ дар Русия


Рӯзи шанбе дар Русия садҳо нафар ба нишони эътироз аз бекор шуданашон бар асари бӯҳрони иқтисодӣ раҳпаймоӣ карданд. Ҳудудан 500 нафар дар Санкт-Петербург, тақрибан 100 нафар дар Маскав ва даҳҳо тани дигар дар шаҳри санъатии Толяттӣ намоиши эътирозӣ ташкил карданд. Ин раҳпаймоиҳо аз ҷониби раҳбарони ширкатҳои мошинсозӣ даъват шуда, аммо баъдан ба онҳо иттиҳодияҳои мустақили синфӣ ҳам барои изҳори нигаронӣ аз вазъи бӯҳронии иқтисодӣ ҳамроҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG