Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори ҷангиёни эҳтимолӣ дар Ингушистон


Хадамоти амнияти федеролии Русия бо пахши изҳороте гуфт, гурӯҳи ҷангиёнеро ба қатл расондааст, ки дар андешаи ташкили ҳамлаҳои маргталабона зидди раҳбари Ингушистон буданд. Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ки ҷангиён замоне кушта шуданд, ки беш аз 200 килограмм маводи мунфаҷираро дар як манзиле пинҳон карда буданд. Ходимони полис ин манзилро иҳота карданд ва дар натиҷаи даргирии миёни шӯришиҳову полис таркише ба амал омадааст. Моҳи октябри гузашта раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев талош кард пеши роҳи танишу ошӯбҳоро дар ин ҷумҳурии мусалмоннишин бигирад ва ба ҷои раҳбари пешини ҷумҳурӣ - Юнусбек Евкуров як фармондеҳи собиқи нирӯҳои низомиро ба ҷои ӯ таъин кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG