Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як мақоми афғон кушта шуд


Таркиши як бомбаи сарироҳӣ дар шарқи Афғонистон мунҷар ба ҳалокати як мақоми маҳаллӣ шудааст. Афсари полиси минатақаӣ Гулдод гуфт, ки бомба аз дур идора шуда ҳангоми аз хона берун шудани раиси вулусволии Нодиршоҳкот дар вилояти Хост таркидааст. Оқои Байтулзамон Сабурӣ баъдан бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхонаи низомии амрикоиҳо ҷон дод. Ронандаву муҳофизи ӯ дар ин ҳодиса захм бардоштаанд. Сабурӣ роҳ сӯи маросиме пеш гирифта буд, ки ба ифтихори 20-умин солгарди берун шудани артиши шӯравӣ аз хоки Афғонистон ташкил шуда буд.
XS
SM
MD
LG