Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари аврупоии Раҳмон анҷом ёфт


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи шанбе силсиласафи худ ба Аврупоро анҷом дода ба Душанбе баргашт. Охирин нуқтаи сафари вай пойтахти Эстония шаҳри Таллин буд. 13 феврал дар мулоқот бо ҳамтои эстониаш Томас Ҳендрик Илвес ва мақомоти дигари ин кишвар сӯҳбат дар бораи густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётию мухобиротӣ, истихроҷ ва коркарди металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо, бунёди коргоҳҳои заргарӣ рафтааст. Сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар паи мулоқотҳои дуҷониба эъломияе оид ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эстония ба имзо расидааст. Силсиласафи президенти Тоҷикистон ба Аврупо рӯзи 8 феврал шурӯъ шуда, то имрӯз вай аз кишварҳои Белгия, Латвия, Литва ва Эстония дидан кард. Инчунин моҳи ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор аст барои мулоқот бо раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ба Маскав сафар кунад.
XS
SM
MD
LG