Пайвандҳои дастрасӣ

Р. Зойиров: "Муколамаи президент бо аҳзоб зарур аст"


Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон

Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон

ҲСДТ хостори баргузории муколамаи фавқулодаи раисҷумҳури Тоҷикистон бо аҳзоби сиёсии кишвар шуд.

Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар як нишасти вижаи матбуотӣ изҳор намуд, кишварро буҳрони шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар пеш аст, аз ин хотир, раисҷумҳури Тоҷикистон ниҳоят бояд ба ҳарфи аҳзоби мухолифи давлат гӯш диҳад: «Раисҷумҳури Тоҷикистон аз 18 апрели соли 1998 раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ мебошад. То имрӯз ӯ дар давоми 11 сол ягон маротиба ҳам бо раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва матбуот мулоқот анҷом надодааст».

Оқои Зойиров гуфт, муколамаи рӯ ба рӯи раисҷумҳур ва аҳзоби мухолифи ҳукумат аз нигоҳи ҳизби ӯ бояд се масъалаи умумӣ - сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷомиаи шаҳрвандиро дарбар гирад. Оқои Зоиров гуфт, қабл аз ҳама бо раисҷумҳур бояд ба ин ҳақиқат расид, ки интихоботи порлумонии соли 2010 дар Тоҷикистон бояд шаффоф сурат гирад, вагарна он на тақдирсоз, балки тақдирсӯз хоҳад буд: «Тақдирсӯз ба он маънӣ, ки боз як мухолифати нав миёни тоҷикон ба миён наояд. Агар интихоботи соли 2010 ҳам мисли интихоботҳои пешин баргузор шавад, мухолифат ба вуҷуд меояд. Барои он ки тоқати мардум тоқ шудааст».

Оқои Зойиров зарурати муколама рӯи масоили иқтисодиро ба вазъи буҳронии кишвар марбут донист, ки рӯз ба рӯз ба далели бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва корношоямии ҳукумат шиддат мегирад. Ӯ инкишофи ҷомеаи шаҳрвандиро ҳам яке аз василаҳои раҳоӣ аз мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ арзёбӣ кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо истиқбол аз пешниҳоди Ҳизби сотсиал-демократ гуфт, вақти он расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ва элитаи ҳукмрон рӯ ба мардум кунад: «Ҳукумат такягоҳи худ ва шарики стротежии худашро бояд дар чеҳраи мардуми худаш ҷустуҷӯ кунад, на дар Ғарб, на дар Шарқ ва на дар Шимолу Ҷануб. Аз асп нафарояд, аз эзангу фарояд ҳам мо қабул дорем. Аммо билохира, бояд эътироф кунанд, ки бори дӯши миллатро дигар ба танҳоӣ кашида наметавонанд ва бояд аз тамоми нерӯҳои ҷомеа ва нерӯи тамоми миллат бояд истифода бурд».

Дар ҳамин ҳол Усмон Солеҳ, сарвари шӯъбаи иттилоот, таблиғот ва матбуоти Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки раҳбараш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аст, мегӯяд, муколамаи аҳзоби сиёсӣ дар Шӯрои ҷамъиятӣ ҳар моҳ сурат мегирад ва аҳзоб дар ҷаласаҳои ин шӯро пешниҳодҳои худро ба ҳукумати кишвар мекунанд. Вай афзуд, раисҷумҳури Тоҷикистон хеле масруф аст ва вазъи кишварро пеш ва беш аз ҳама хуб медонад. Оқои Солеҳ афзуд, ин гуна маҳфилҳое, ки Ҳизби сосиал-демократ пешниҳод мекунад, ҳамоно масали «гуфтанду монданду рафтанд» аст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, мегӯяд, ҳукумат бояд шарики стротежии худро дар мардуми худ биҷӯяд, на дар Ғарб ва Шарқ
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҷиноҳи расман аз сӯи хукумат эътирофшудаи Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон мегӯяд, бидуни шак, роҳи раҳоӣ аз бӯҳронҳо бидуни мусоидати аҳзоби мухолифи ҳукумат пайдо намешавад: «Дар ҳамин вазъи мушкиле, ки имрӯз ба сари мардуми Тоҷикистон омадааст, бояд ҳамаи ҳизбҳои сиёсие, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои ҳизбӣ боло мегузоранд ва дар баробари ин кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки миллати тоҷик аз ин бӯҳрони иқтисодӣ ва дигар монеагузориҳои кишварҳои ҳамсоя раҳо ёбад, дар атрофи раисҷумҳури кишвар муттаҳид шаванд».

Коршиносон мегӯянд, фарҳанги муколамаи нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон вуҷуд надорад. Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, гуфт, музокироти тоҷикон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки муколама яке аз шартҳои муҳими ҳалли масоил дар кишвар аст. Вай афзуд, баъд аз фавти марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳукумат дигар нерӯеро барои муколама намебинад. Вай афзуд, шароите, ки ҳоло фаро расидааст, муколамаи воқеиро тақозо мекунад: «Мехоҳем, намехоҳем, аҳзоби гуногун намояндагӣ аз қишрҳои гуногуни ҷомеа мекунанд ва муколама шарти муҳим аст. Ҳеҷ набошад ҳар се моҳ як бор бояд ҷамъ шаванд. Зеро ин солҳо хеле замони ҳассос ҳастанд. Ҳама ободии Тоҷикистонро мехоҳанд. Агар ягон катаклизмҳои сиёсиву иқтисодӣ пеш оянд, камари кишвар мешиканад».

Коршиносон дар посух ба он суол, ки оё раисҷумҳур ҳамчунин муколамаро хоҳад пазируфт ва оё аҳзоби сиёсӣ ба он омодаанд, гуфтанд, вазъи буҳронии Тоҷикистон инро тақозо мекунад ва дигар ин мавзӯъ ба ризоияти раисҷумҳур ё омодагии аҳзоб бастагӣ надорад. Онҳо мегӯянд, ин вазъи киштинишастагонеро мемонад, ки аз тӯфон бояд ҳамагӣ раҳоӣ ёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG