Пайвандҳои дастрасӣ

Бистумин солгарди хуруҷи Шӯравӣ аз Афғонистон


Хуруҷи нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон, пули Тирмиз-Ҳайратон, 8 феврали соли 1989.

Хуруҷи нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон, пули Тирмиз-Ҳайратон, 8 феврали соли 1989.

15-уми феврал расман рӯзи хуруҷи охирин сарбози Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон дар 20 соли пеш аст ва ба ин муносибат дар Русия хотираҳои гузашта зинда мешаванд.

Дар ин рӯз дар соли 1989 фармондеҳи артиши чилуми Иттиҳоди Шӯравӣ генерал Громов аз пули "Дӯстӣ"-и рӯи рӯдхонаи Омӯ гузашт ва гуфт, дигар дар паси ӯ як сарбози шӯравӣ ҳам намондааст.

Дар 20 соли баъдӣ сарнавишти ду кишвари Шӯравӣ ва Афғонистон ба шаклҳои хос пеш рафт. Дар соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам фурӯ рехта, ба ҷои он 15 давлати мустақил ба вуҷуд омад ва соле баъд ҳукумати президент Наҷибуллоҳ дар Афғонистон суқут карда, дар ин ҷо ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда, оқибат ҷумбиши Толибонро ба саҳна овард. Ал-Қоъида, ки дар Афғонистон паноҳгоҳ ёфт, масъули ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр дониста шуд ва соли 2001 нерӯҳои таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳида Афғонистонро ишғол ва Толибонро сарнагун карданд.

Ба муносибати бистумин солгарди хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар гӯшаву канори Русия маҳфилҳои ёдбуд баргузор шуд. Расонаҳои хабарӣ, радио ва телевизионҳо бахши умда аз барномаву намоишҳои худро ба рӯйдодҳои бист сол пеш тахассус доданд ва яке аз мустанадсозон ҳатто собиқадори ҷанги Афғонистонро ба шимоли ин кишвар бурд, то дар саҳнаҳои собиқи ҷанг аз ӯ наворбардорӣ кунад.

Хотираҳо хеле ҳаяҷонмез ва ҷолиб буданд, аммо ҳамаи чизе, ки дар ин ёдбудҳо ҷараён мегирифт, бо пурсише печида буд. Нерӯҳои Русия ё шӯравии собиқ аз Афғонистон бо пирӯзӣ баргаштанд ё пас бо шикасту нокомӣ? Генерал Громов, фармондеҳи артиши чилуми шӯравӣ дар китоби худ "Қитъаоти маҳдуд" навишт, ин артиш дар Афғонистон на пирӯз шуд ва на шикаст хӯрд, балки вазифаи худро ба таври комил ба ҷо овард.

Аммо равонпизишки низомӣ дар Маскав, Леонид Китаев-Смик мухолифи ин назар аст. "Ба назари ман, ин ҷанг як авантюра буд, ки аз тарафи раҳбарияти вақти Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омад ва ҷое барои сӯҳбат аз пирӯзӣ ё иҷрои вазифа надорад. Метарсам, ин ҷо истилоҳот ва арзишёбиҳои дигаре зарур аст."

Ҳамзамон ҷаноби Китаев-Смик инро ҳам иқрор мекунад, ки имрӯз Афғонистон ба манбаи азими маводи мухаддир табдил ёфтааст, ки аз он миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон осеб мебинанд.

Собиқадори ҷанги Афғонистон, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Виталий Бурков, мегӯяд, агар нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон хориҷ намешуданд, шояд ин кишвар имрӯз ба чунин вазъе намеафтод. Вале оё имкон дошт, ки ин нерӯҳо дар Афғонистон боқӣ бимонанд ва пас хуруҷи онҳо иштибоҳ буд?

Посухи Бурков: "Хуб, чӣ бигӯям. Набаровардани нерӯҳо иштибоҳ буд мегӯянд, ин нодуруст аст. Нерӯҳои ягон абарқудрат дар кишвари дигар абадан боқӣ монда наметавонанд. Дер ё зуд нерӯҳо бароварда мешаванд."

Виталий Бурков, аз афсаронест, ки бо дархости худ ба Афғонистон рафт ва дар инфиҷоре аз ду пои худ маҳрум гашт. Замоне дархостномаи ирсол ба ҷангро навишт, ки аз Афғонистон ҷасади падарашро оварданд.

Дар барномаи Бахши русии радиои "Озодӣ" Бурков, ки китоби шеърҳои афғонистонияшро ба нашр расондааст ва равонпизишки низомӣ Леонид Китаев-Смик аз пайомадҳои ахлоқии ҷанги Афғонистон мегуфтанд ва даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Русия ба студия занг зада, назар медоданд. Онҳо мегуфтанд, хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон ва сипас ба ҳоли худ гузоштаа шудани ин кишвар аз тарафи абарқудратон сабаб гашт, ки то ҳанӯз дар ин ҷо одамон кушта мешаванд ва оташи ҷанг забона мезанад. Зоҳиран онҳо намехостанд, эътироф кунанд, ки вазъи имрӯзаи Афғонистон яке аз пайомадҳои ишғоли ин кишвар аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1979-1989 будааст.

Вазъи имрӯзаи Афғонистон бисёриҳоро ба андешае мебарад, ки таърих дар ин кишвар аз нав такрор мешавад. Дар як ҳамоиш, ки Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии Мутолиоти Стратегӣ дар Маскав баргузор кард, Руслан Аушев, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва яке аз фармондеҳони нерӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон дар миёнаи солҳои 80-ум гуфт, имрӯз Амрико ва Ғарб набояд иштибоҳҳои 20 сол пешро такрор кунанд. "Мушкилро, афзуд ӯ, танҳо бо нерӯ ҳал кардан номумкин аст ва 70 000 сарбози Амрикову НАТО имрӯз дар хидмати ҳамин иштибоҳи сиёсиянд."

Аушев гуфт, "ҳашт сол аст, ки нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистонанд, аммо афғонҳои одӣ аз ҳузури онҳо суде намебинанд. Бойҳо бойтар мешаванд, бенавоён бенаво мемонанд." Вай меафзояд: "Замоне ки мо дар Афғонистон будем, дар он ҷо ҷумбиши тундгарои мазҳабие монанди Толибон вуҷуд надошт. Ҳоло толибҳо хеле қавӣ ва муассиранд. Бо онҳо бояд гуфтушунид кард."

Таҳлилгарони ғарбӣ мегӯянд, Толибон пешниҳоди Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистонро ба гуфтушуниди сулҳ рад карданд ва сониян, онҳо сохтори мушаххасе надоранд, ки дар сурати гуфтушунид ва ризоият иҷрои шартҳоро тазмин намоянд.

Президенти пешини Амрико Ҷорҷ Буш дар поёни соли 2001, пас аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр нерӯҳои кишварашро ба Афғонистон фиристод ва ҳама гуна эҳтимоли гуфтушунидро бо ошӯбгарон рад мекард. Барак Обама, раисиҷумҳури нави Амрико, дар бораи гуфтушунид бо Эрон борҳо сӯҳбат кард, вале ҳанӯз чизи рӯшане дар бораи эҳтимоли гуфтушунид бо Толибҳоро дар миён нагузоштааст. Аммо фиристодаи вижаи ӯ дар Афғонистону Покистон, Ричард Ҳолбрук, ба минтақа сафар дошт, то стратегияи куллии марбут ба Афғонистонро бознигарӣ кунад.

Ба ақидаи Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ, ки дар давраи ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон аз тарроҳони ҳарбии ҷиҳод буд ва дар солҳои 2003-05 дар ҳукумати Карзай ба ҳайси вазири умури дохилӣ кардааст, мегӯяд, бо вуҷуди шабоҳате, ки ҳарду маъаркаи ҳарбӣ ба навъе зидди ошӯбгарӣ буданд, дар мақсад, стратегия ва сатҳи истифодаи нерӯ тафовутҳои калидӣ доранд. Шӯравӣ, ба гуфтаи ӯ мехост, афғонҳоро таҳти назорат бигирад, НАТО ва Амрико ҳоло барои дилу ақли афғонҳо мубориза мекунанд.

Журналисти саршиноси покистонӣ Аҳмад Рашид, ки чанде пеш бо мақомоти амрикоӣ мулоқот кард, то дар бознигарии стратегияи онҳо дар Афғонистон кӯмак куанд, мегӯяд, Шӯравӣ мехост як идеолужики бегонаро ба мардуми афғон таҳмил кунад. Вай меафзояд, нокомӣ имрӯз на ба идеолужик рабт дорад, балки ба бозсозии Афғонистон. "Ҷанги шӯравӣ аз оғоз ноумедкунанда буд, вале ин бор ман, шахсан, ба ояндаи кор хушбинам", мегӯяд Рашид.

Дар ҷанги Шӯравӣ бо Афғонистон 1 миллион нафар афғон кушта, зиёда аз 1 миллион нафари дигар захмӣ ва наздик ба 4 миллион нафар паноҳанда шуданд. Маскав мегӯяд, дар ин ҷанг наздик ба 15 000 нафар кушта додааст.
XS
SM
MD
LG