Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На терроризм, бӯҳрон -- нигаронии асосии Амрико


Денис Блер, Раиси Созмонҳои иттилоотии Иёлоти Муттаҳида, 12 феврали соли 2009.
Денис Блер, Раиси Созмонҳои иттилоотии Иёлоти Муттаҳида, 12 феврали соли 2009.

Раиси нави Созмонҳои итилоотии Амрико, Денис Блер, мегӯяд, на терроризм, балки бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ акнун бузургтарин нигаронии амниятии Амрико мебошад.

Денис Блер, раиси нави Созмонҳои итилоотии Амрико, дар гузоришаш ба Кумитаи иттилооти сенати Иёлоти Муттаҳида, рӯзи панҷшанбе гуфт, бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, бузургтарин бӯҳрон дар даҳсолаҳо, агар на садсолаҳои ахир, нерӯе дорад, ки кишварҳои мухталифи ҷаҳонро ноором кунад.

Ҷаноби Блер афзуд, шиддати ин бӯҳрон ба бисёр кишварҳо таҳдид мекунад ва метавонад сабаби нооромиҳои сиёсӣ гардад. Вай махсусан ба бархе аз ҷамоҳири собиқи шӯравӣ ишора мекунад: "Бӯҳрони иқтисодӣ, агар ба мӯҳлати як ё ду сол ба дарозо кашад, хатари бесуботии таҳдидкунанда ба режимҳоро пеш хоҳад овард. Ва бесуботӣ тоби шиканандаи қонун ва интизомро дар бисёре аз кишварҳои рушдкунанда суст карда, бо шеваҳои хатарноке ба рӯи ҷомеаи байнулмилалӣ фурӯ хоҳад афтод."

Аллакай таъсири таназзули иқтисодӣ шиддати худро нишон дод ва дар кишварҳои гуногун аз Исландия тто Булғористон беназмиҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард.

Дар соли гузашта наздик ба ними корхонаҳои тавлиди бозича дар Чин баста шуда, миллионҳо нафарро ба кӯча партофтанд, ки аксари онҳо муҳоҷир буда, акнун ба ватанашон бармегарданд. Ҳазорон ҷои кор дар Ҷопон баста шуда, Латвия бо шӯришҳои марбут ба барномаи сарфаҷӯёнаи ҳукумат рӯбарӯ гардид. Ҳукумати Исландия, ки зери фишори шадид моҳи гузашта ба истеъфо рафт, ба аввалин қурбонии бӯҳрон табдил ёфт.

Ҷаноби Блер гуфт, бӯҳрон метавонад, ҳукуматҳои бо Вошингтон дӯстро бесубот кунад ва аз ин тариқ ба амалиёти НАТО ва Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон монеа ба миён орад. Он ҳамчунин метавонад, ба мавҷи "протектсионизм" ё ҳимоят аз тавлидоту корхонаҳои худӣ сабаб гардад. Ва танқидҳои ин ки Иёлоти Муттаҳида сабабгори бӯҳрон шудааст, метавонад, аз пешгомии иқтисодии Амрико ҷилавгирӣ кунад.

Блер афзуд, аз се ду ҳиссаи давлатҳо василаҳои кофии молиявӣ доранд, ки зарбаи бӯҳронро ба шаҳрвандони худ нармтар кунанд. Аммо бақия, аз ҷумла кишварҳои пасошӯравӣ аз ин имконият маҳруманд. Дар Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи Блер, раиси нави Созмонҳои итилоотии Амрико, таҳдидҳо зиёд ва мухталифанд. Аз тундравии хушунатомези исломӣ гирифта, то вазъи иқтисодию иҷтимоӣ. Вай афзуд, нооромӣ дар ин ҷо ба амнияти масирҳои ҳаётан муҳими равобити НАТО ва Иёлоти Муттаҳида бо Афғонистон таҳдид мекунанд.

Ба гуфтаи Блер, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки вобастагии бузурге ба даромади муҳоҷирон доранд, аз бӯҳрон зарбаи сахт хоҳанд дод. Бохтани ин манбаъи даромад метавонад, вазъи Тоҷикистонро ба ҳам занад.

Коҳиши давомдори нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ метавонад ислоҳотро дар Қазоқистон бероҳа кунад ва мушкилоти афзоянда эътирозҳои оммавиро ба вуҷуд орад. Халалрасонии Русия ба манофеи Иёлоти Муттаҳида бештар аз тавоноии зоҳирии Русия бармеояд, то аз заъфи он. Маскав барои афзудани нуфузи худ ҷӯёи равобити қавитар бо қудратҳое монанди Чин, Эрон ва Венесуэла шудааст. Украин ва Беларус низ ҳарчӣ бештар зафъи иқтисодии худро нишон медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол дар Афғонистон, гуфт Денис Блер, раиси нави Созмонҳои итилоотии Амрико, дар гузоришаш ба Кумитаи иттилооти Сенат, Толибон то рафт назорати бахшҳои бузургтари мамлакатро ба даст меоранд ва ҳукумати марказию президент Ҳомид Карзай ҳарчӣ бештар маҳбубияташонро гум мекунанд.
XS
SM
MD
LG