Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - кишвари ҷавонону наврасон


Youth -- Tajik students 2
Youth -- Tajik students 2

Ҳудуди 40 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро ҷавонони зери синни 30 ташкил мекунанд ва ҷомеаи ин кишварро пиршавӣ таҳдид надорад.

Марказҳои оморӣ ва пажӯҳишии Тоҷикистон бо таъйиди ин маълумот таъкид мекунанд, ки то соли 2050 мизони пиршавии ҷавонон камтар аз ҳар кишвари дигар хоҳад буд. Феълан беш аз 9 дарсади аҳолии Тоҷикистонро солхӯрдаҳо ташкил мекунанд.

Елена Кислицина, корманди кумитаи омори Тоҷикистон, мегӯяд, мизони таваллуд дар Тоҷикистон ва соири дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ мутаносибан баландтар аст, ки ин боис ба ҷавоншавии аҳолии ин давлатҳо гардидааст.

«Мо пайваста ин равандро пайгирӣ мекунем. Ва бояд бигӯям, ки то имрӯз ҷавонони аз 14 то 31-сола беш аз 36 дарсадро ташкил медиҳанд, ки нисбати соли 2002-ум 3,3 фоиз бештар аст. Ва дар мавриди пиршавии ҷомеа, ки ин масъла боиси таваҷҷӯҳи аксарият аст, бояд гуфт, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ теъдоди солхӯрдаҳо дар Тоҷикистон камтарин мебошад.»

Ба андешаи Елена Кислисина, агар аз як сӯ ҷавоншавии ҷомеа боиси афзудани нерӯи корӣ дар кишвар бошад, аз ҷониби дигар шумораи бесаводонро бештар кардааст.

«Мизони зиёди таваллуд ва шумори бештари кӯдакон наметавонад ба иқтисоди хонавода бетаъсир бошад. Дар бештар мавридҳо навҷавонон, ба вижа духтарон, беш аз пеш ба хатари маҳрум шудан аз таҳсилот рӯ ба рӯ ҳастандва ин метавонад ба саводнокии ҷомеа таҳдид намояд. Ба гуна мисол тайи чанд соли ахир шумораи духтарони соҳибмаълумот нисбати духтарони бо маълумоти миёна ба таври қобили мулоҳиза поин рафтааст.»

Фирӯз Саидов, сармутахассиси маркази стротежии назди президенти Тоҷикистон, мегӯяд, барои Тоҷикистон, ки тавони хуби иқтисодӣ надорад, ҷавоншавии аҳолӣ ба манфиат нест. Зеро зиёд будани насли ҷавон бекорӣ, бесаводӣ ва истифодаи маводи мухадирро густарда кардааст. Шумори рӯзафзуни ҷавонон ба Русияву Қазоқистон ҳиҷрат мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ тӯъмаи гурӯҳҳои қочоқи инсон мешаванд ва ё вориди қочоқи маводи мухаддир ва фаҳшо мегарданд.

Ба андешаи Фирӯз Саидов, солҳои баъди шумораи солхӯрдаҳо дар Тоҷикистон низ боло меравад, зеро насли ҷавони тоҷик бо нигоҳ ба вазъи ногувори иқтисодӣ ба доштани фарзанди зиёд бартарӣ намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол ҷомеашинос Дилором Раҳматова гуфт, зиёд будани насли ҷавон дар Тоҷикистон, барои таъмини ҳаёти беҳтари бознишастагон дар кишвар мусоидат мекунад. Аммо дар ҳамин ҳол хонум Дилором аз мушкилоти дигари навҷавонон ёд кард.

Кумитаи омори Тоҷикистон бо такя ба пажӯҳиши СММ мегӯяд, то соли 2050 шумораи солхӯрдаҳо дар ин кишвар ба 11 дарсад хоҳад расид. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамин давра теъдоди афроди синаи 65 ба боло аз 15 то 19 дарсадро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG