Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳолбрук бо мақомоти Афғонистон дидору гуфтугӯ кард


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи ИМА дар Афғонистон ва Покистон имрӯз дар Кобул бо вазирони дифоъ ва умури дохилаи Афғонистон, раиси Хадамоти амнияти миллии кишвар ва ёвари раисҷумҳур Ҳомид Карзай дар умури амният вазъи феълии Афғонистон ва мушкилоти амниятиро баррасӣ кард. Қарор аст, ки зимни ин сафар ӯ бо раисиҷумҳур Ҳомид Карзай ҳам мулоқот кунад. Ҳолбрук ба ҳайси фиристодаи вижаи ИМА барои нахустин бор ба Афғонистон сафар мекунад. Сафари Ҳолбрук чаҳор рӯз пеш аз Исломобод шурӯъ шуда буд ва қарор аст, ки дар Ҳиндустон поён ёбад.

Ҳолбрук яке аз тарҳрезони Аҳдномаи Дейтон маҳсуб мешавад, ки имзои он дар соли 1995 ба ҷанг дар Босния хотима гузошта буд. Ӯ бар ин ақида аст, ки ҳалли мушкили Афғонистон назар ба ҷанг дар Ироқ талошҳои бештарро тақозо дорад.
XS
SM
MD
LG