Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зимни амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар ноҳияи Шӯрообод, ҷануби Тоҷикистон, чаҳор нафар шаҳрванди Афғонистон, ки гумон меравад, ба қочоқи маводи мухаддир даст доштаанд, ба ҳалокат расидааст.

Хушнуд Рахматуллоев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии кишвар, ин хабарро тасдиқ намуд, аммо гуфт, ки амалиёт дар қиболи як гурӯҳи қочоқбар дар Шӯрообод ҳануз ҳам идома дорад ва ба ин хотир ӯ наметавонад дар ин бора иттилои пурра диҳад.

Вале дар ҳамин маврид гуфта мешавад, шаҳрвандони Афғонистон замоне мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, ки рудхонаи Панҷ, яъне сарҳади давлатиро убур намуда, ба марзбонон муқовимат нишон додаанд. Ҷаноби Раҳматуллоев гуфт, ҳануз маълум нест, ки қочоқбарон бо худ чӣ миқдор маводи мухаддир доштаанд.

Тибқи иттилои манобеи расми ҳодисаи мазкур дар соли ҷорӣ аввалин ҳодисаи сарҳадшиканӣ ва зимни як задухурди мусаллаҳона ба ҳалокат расидани шаҳрвандони Афғонистон дар ноҳияи наздимарзии Шӯрообод ба ҳисоб меравад. Иброҳим Азизов, раиси ноҳияи Шӯрообод, зимни нишасти матбуотии ахири худ гуфт, ки соли гузашта дар пайи чунин амалиёт дар ҳудуди ноҳия 7 нафар шаҳрвандони Афғонистон ба ҳалокат расида буд.

Шӯрообод ноҳия наздимарзӣ дар минтақаи Кӯлоб 154 километр хати марз бо Афғонистон дорад. Соли гузашта дар ин ноҳия се наврас аз ҷониби қочоқчиёни афғонистонӣ ба гарав бурда шуда буд, вале аз ҷониби мақомоти интизомӣ раҳо гардиданд. Инчунин тибқи иттилои Шӯъбаи корҳои дохилаи Шӯрообод соли 2008 дар ҳудуди ноҳия беш аз ҳазор килограм маводи мухаддар мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG