Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар роҳ сӯи Карбало 30 тан аз зойирин кушта шуданд


Бар асари таркиш дар Ироқ дасти кам 30 нафар кушта шуданд. Ҳамла дар ҷануби шаҳри Бағдод дар ҳоле сурат гирифт, ки садҳо ҳазор зойирин барои ширкат дар маросимҳои мазҳабӣ сӯи шаҳри муқаддаси Карбало мерафтанд. Рӯзи панҷшанбе бар асари инфиҷор дар худи Карбало дасти кам 8 нафар ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ҳамла ба зойирин бо вуҷуди андешидани чораҳои шадиди амниятӣ дар масири ҳаракати зойирин ба сӯи Карбало рух додааст.

XS
SM
MD
LG