Пайвандҳои дастрасӣ

14-уми феврал, дар масҷиди ҷомеи маҳаллаи Калинини пойтахт маросими видоъ бо ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов ва ҷанозаи ӯ баргузор шуд.

Сипас ҷасади ӯ дар гуристони маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов субҳи дирӯз дар синни 63-солагӣ бар асари сактаи дил дар шаҳри Душанбе оламро падруд гуфт.

Саидмӯъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни 100 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сарфароз шудааст.

Воқеан, то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи Саидмӯъмин Раҳимов нарасидааст. Вай ҳамчунин қаҳрамони дукаратаи самбои Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1973-1975), ғолиби Спартакиадаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва бозиҳои варзишии деҳоти мамлакат мебошад. Ӯ дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва дзюдо низ борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст. Саидмӯъмин Раҳимов ҳамчун сармураббии собиқи дастаҳои мунтахаби гуштии самбо ва дзюдои Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон хизмати арзанда кардааст.

Ӯ солҳои 1995-2004 дар вазифаи раиси Кумитаи тарбияти бадан ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Вай то моҳи декабри соли 2008 раиси Федератсияи гуштии дзюдои Тоҷикистон буд. Саидмӯъмин Раҳимов барои хизматҳои барҷастааш бо унвонҳои фахрии "Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Мураббии шоистаи кишвар" ва медали "Барои меҳнати шоён" қадрдонӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG