Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон бо ҳамтои мисриаш вазъи Ғаззаро баррасӣ карданд


Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷаи Амрико ва Аҳмадалӣ Абулғейт-вазири хориҷаи Миср дар мулоқоти худ дар Вошингтон бӯҳрон дар Борикаи Ғаззаро баррасӣ карданд. Хонум Клинтон ва Абулғейт бар зарурати риъояти оташбас, ки баъд аз ҳамлаи нируҳои Исроил ба гӯруҳҳои тундрави Ҳамос се ҳафта давом кард, таъкид карданд. Ҳар ду ҷониб ҳамчунин барномаҳои Мисрро дар бораи баргузории конфронси байналмиллалии кишварҳои кӯмаккунада дар моҳи оянда барои пайдо кардани маблағи кӯмак ба фаластиниёни Ғазза баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG