Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Обама аз намояндагони ҷумҳурихоҳ


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бори дигар аз ҷумҳурихоҳон дархост кард, ки аз барномаи танзими иқтисодии давлати вай ҷонибдорӣ кунанд. Вай зимни суханони худ дар ҷараёни боздидаш аз корхонаии бузурги тавлиди таҷҳизоти Катерпиллари Пеориа дар аёлати Иллинойс, ки ахиран 20 ҳазор нафарро ихтисор кард, изҳор дошт, ҳоло замоне фаро расидааст, ки ҳар ду ҳизб як ҷо фаъолият кунанд. Вақте, ки ин санад дар Маҷлиси Намояндагон ба райдиҳӣ гузошта шуд, ҳеҷ як аз намояндагони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба ҷонибдорӣ аз ин санад рай надоданд. Танҳо 3 нафари онҳо дар Сенат аз ин барномаи танзими иқтисодӣ ҳимоят карданд.

XS
SM
MD
LG