Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ эътибори нозиронро дар Абхозистон тамдид мекунад


Интизор меравад, ки имрӯз Шӯрои Амнияти СММ эътибори нозирони худро дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон тамдид кунад. Нозирон бар чӣ гунагии вазъ дар минтақаи марзии миёни Абхозистон ва Гурҷистон назорат мебаранд. Эътибори ин нозирон 15-ӯми феврал ба поён мерасад. Диплоатҳо дар СММ мегӯянд, роҷеъ ба тамдиди эътибори нозирон ихтилоф вуҷуд дорад. Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия мегӯяд, раҳбарияти Абхозистони ҷудоихоҳ бояд бигӯяд, ки нозирони СММ дар он ҷо фаъолияти худро давом диҳанд ё хайр.
XS
SM
MD
LG