Пайвандҳои дастрасӣ

Амнести Интернешенал интизори ислоҳот дар Туркманистон


Коршиносони Амнести Интернешенал ё Созмони Афви Байналмиллал мегӯянд, бо вуҷуди кӯшишҳои раиси ҷумҳури Туркманистон, ки саъй мекунад вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварро хуб ҷилва диҳад, вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мондааст. Андреа Спрассер-коршиноси Амнести Интернешенал ба радиои Озодӣ гуфт, ин созмон интизори тағироти мусбат дар Туркманистон буд, он гуна, ки президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ду соли пеш ҳангоми омадан бар сари қудрат қавл дода буд.

XS
SM
MD
LG