Пайвандҳои дастрасӣ

ICG: Тоҷикистон ба кишвари ноком табдил меёбад


Гурӯҳи Байналмиллалии Бӯҳронҳо дар гузориши нави худ навиштааст, наздик аст, ки Тоҷикистон ба кишвари ноком табдил ёбад. Гурӯҳи Байналмиллалии Бӯҳронҳо марказаш дар Бруссел мегӯяд, ришвахорӣ ва мубоҳисот бо Ӯзбакистон, коҳиши шадиди интиқоли пул аз муҳоҷирони корӣ ва дар ҳоли суқут қарор доштани системи энержии кишвар аз сабабҳои аслии вазъи хатарнок дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ниҳоди байналмиллалӣ ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистонро айбдор мекунад, ки вай натавонистааст пешниҳодҳои ниҳодҳои байналмиллалиро иҷро кунад. Гурӯҳи Байналмиллалии Бӯҳронҳо дар гузориши худ афзудааст, "ба назар намерасад, ки зери раҳбарии президент Раҳмон беҳбудиҳои чашмгир ба вуҷуд ояд".
XS
SM
MD
LG