Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико: Бӯҳрони молӣ нигаронии амниятист


Раиси нави хадамоти кашфи Амрико гуфт, ҳоло бӯҳрони сартосарии молӣ аз нигарониҳои аслии амниятӣ барои Амрико ба шумор меравад. Дар гузорише ба Конгресси Амрико Деннис Блейр-раиси Хадамоти кашфи миллии ин кишвар гуфтааст, агар бӯҳрони молӣ тул кашад, хатари беназмиҳои сиёсӣ бештар мешавад. Деннис Блейр ҳамчунин гуфтааст, хадамоти кашфи Амрико намедонанд, ки оё Эрон аслиҳаи ҳастаии худро густариш медиҳад ё хайр, вале ин кишвар барои густариши аслиҳаи ҳастаӣ, дастикам, равиши бозро ҳифз хоҳад кард. Деннис Блейр ҳамунин гуфтааст, ки Ал Қоъида ҳамоно ҳамла бар ҳадафҳое дар кишварҳои ғарбиро дар сар мепарварад. Вале, ба гуфтаи вай, ин шабака "нисбат ба як соли пеш тавоноии камтар ва камтаъсир" дорад, зеро раҳбарони калидиаш кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG