Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмадалӣ Давлаталӣ, яке аз рӯшанфикрони тоҷики муқими Қазоқистон ба асари бемории фишори хун ва дарди майнаи сар дар синни 55-солагӣ дар Алмаато аз олам даргузашт.

Маҳмадалӣ 15-уми декабри соли 1954 дар деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум дар ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ ва худогоҳии мардум иштирок кардааст. Ҳамзамон бо сарварии бахше дар Вазорати маорифи Тоҷикистон, раиси Созмони мардумии Растохез дар ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдати имрӯза) буд.

Сафар Абдулло, донишманди муқими Қазоқистон, яке аз дӯстони Маҳмадалӣ, ӯро чун шахси бедордил, мубориз ва ватанпарасти асил ёд мекунад ва даргузашти ӯро ҳам барои хеш ва ҳазорон рӯшанфикри тоҷик фоҷиаи бузург медонад. Юсуфи Чоршанбе, дӯст ва ҳамандешаи Маҳмадалӣ, мегӯяд, ҳамеша ёдаш бо Тоҷикистон, ояндаи он ва рушди фарҳангу беҳбудии мардуми тоҷик буд.

Маҳмадалӣ Давлаталӣ соли гузашта дар як сӯҳбати наврӯзӣ бо радиои Озодӣ гуфта буд, осудагии мардум дар Тоҷикистон осудагии ӯст.

Ҷасади Маҳмадалӣ Давлаталиро рӯзи 12-уми феврал аз тариқи ҳавопаймо ба Тоҷикистон бурданд ва ӯро дар оромгоҳи зодгоҳаш ба хок месупоранд.
XS
SM
MD
LG