Пайвандҳои дастрасӣ

Бархӯрди ду моҳвора дар кайҳон


Моҳвораи "Иридиум" дар мадори Замин.

Моҳвораи "Иридиум" дар мадори Замин.

Ду моҳвора - яке аз Амрико ва дигаре аз Русия дар мадори Замин ба ҳам бархӯрданд ва ин ҳодиса аввалин садамаи бузурги кайҳонӣ унвон шуд.

Онҳое ки аз расадхонаҳо ё марказҳои мушоҳидаи кайҳонӣ ин ҳодисаро диданд, тақрибан манзарае барояшон намудор шуд, ки дар филмҳои "Ҷанги ситораҳо"-и Ҷорҷ Лукас дидан мумкин аст. Моҳвораи хурдакаки амрикоии "Иридиум", ки 560 килограм вазн дошт ва озоду бесадо дар масири худ ҳаракат мекард, рост ба самти моҳвораи азимҷусса ва якунимтоннагии бадҳайбат, ки ногаҳон дар роҳи он пайдо шуд, рафт ва аз бархӯрди онҳо абри оташгуне дамида, ҳазорон порча ба чаҳор сӯ партоб шуд.

Гуфта мешавад, моҳвораи ҳарбии русӣ аз силсилаи радифҳои маснӯии "Космос", ки дар соли 1993 аз тарафи Русия ба мадор бароварда шуд, ду сол аст, ки истифода намешавад ва он аз назорат берун монда, ба хатти ҳаракати "Иридиум" ворид гаштааст. Аммо ин ақида ҳам мавҷуд аст, ки моҳвораи мухобиротии "Иридиум" мебоист, пайдоиши ҷирми номаълумро дар масири ҳаракаташ пешопеш муайян мекард ва худро аз садама нигоҳ медошт. Ҳамаи моҳвораҳо чунин таҷҳизот доранд, вале эҳтимол меравад, ҳодиса хеле тез ва ногаҳонӣ ба амал омада бошад. Вале мақомоти "Иридиум Сат", ки ҷамъан 66 моҳвораи мухобиротӣ ва тиҷоратиро идора мекунад, мегӯянд, дар ин садама гуноҳе надоранд.

Ба ҳар сурат ин нахустин садамаи бузург ва суръатноки ду моҳвора дар кайҳон дар қариб ним асри фаъолиятҳои кайҳонии инсон аст.

Эндрю Коатс аз Озмоишгоҳи кайҳоншиносии Донишгоҳи Коллеҷи Лондон ба радиои Озодӣ гуфт, кайҳон то рафт ба партовгоҳе мубаддал мешавад: "Шумораи иншооти нодаркор ва шикастпораҳо дар ин бахши кайҳон, яъне мадори поёнии Замин дарвоқеъ нигаронкунанда аст. Вале ҳамзамон кайҳон хеле бузург аст ва имконияти садама дар он кам мебошад."

Николас Ҷонсон, коршиноси Бунгоҳи миллии фазонавардии Амрико ё НАСА мегӯяд, шикастпораҳое, ки бар асари ин садама дар кайҳон паҳн шуд, ҳаракати моҳвора ва сафинаҳои кайҳониро мушкилтар мекунад. Ба гуфтаи вай, аллакай наздик ба 17 ҳазор шикастпораи хатарнок дар кайҳон гардиш дорад. Ба ин хотир НАСА парвози киштиҳои кайҳониро бо Шабакаи Мушоҳидаи Кайҳонӣ, як ниҳоди ҳарбии Амрико ҳамоҳанг мекунад.

Коршиноси дигар, Марк Матнӣ аз Тексас, мегӯяд, бархӯрди ҷирму иншооти кайҳонӣ дар даҳсолаҳои оянда яке аз таҳдидҳои асосӣ ба парвози сафинаҳо хоҳад шуд.

Дар Маскав, сухангӯи Бунгоҳи кайҳоннавардии Русия, Александр Воробёв ба телевизиони маҳаллӣ гуфт, садамаи ахир ба Истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ, ки ҳоло дар он се кайҳоннавард ба сар мебаранд, таъсире накардааст. Садама дар фосилаи 800 километр аз замин ба вуқӯъ пайваст ва истгоҳ аз ин мадор 400 километр баландтар аст. Аз соли 1957, замони ба мадори замин баромадани радифи маснӯъии "Спутник"-и Иттиҳоди Шӯравӣ то ҳоло наздик ба 6 600 моҳвора дар атрофи сайёраи мо мечархад, ки танҳо 1000-тои онҳо мавриди истифода аст.
XS
SM
MD
LG