Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири молияи Украина истеъфо дод


Вазири молияи Украина Виктор Пинзенчук имрӯз истеъфо дод. Ӯ худро гаравгони сиёсат номида, дар изҳороташ дар нотавонии вазорати молия дар амри таъмини тавозун ва коҳиши касри будҷа дасти дахолатҳои сиёсиро айбдор кард. Пинзенчук гуфт, дар чунин шароит истодани ӯ дар раҳбарии вазорати молия маънӣ надорад. Виктор Пинзенчук аз соли 1992 ба ин сӯ се дафъа вазири молияи Украина таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG