Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Беобӣ сабабгори вазъи фавқулодда мешавад"


Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки поёнравии сатҳи бесобиқаи об дар рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ метавонанд, то чанд моҳи дигар сабаби вазъи фавқуллодаи башарӣ дар ин минтақа шавад.

Барномаи рушди СММ баъди арзёбии вазъи кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистону Қирғизистон навиштааст, авзоъ дар ин ду кишвар бахусус нигаронкунанда мебошад, ки обанборҳои нерӯгоҳҳои азими барқиашон ба тадриҷ холӣ мешаванд ва бисёре аз сокинони ҳар ду кишвар дар ин фасли зимистон аз нерӯи барқ маҳруманд. Ба гуфтаи БР СММ, авзоъ дар оянда ба кишварҳои поёноб ба мисли Ӯзбакистону Туркманистон таъсири манфӣ мегузорад, ки пахтазорҳои васеъашон пойбанди оби обанборҳои Норак ва Токтогули Қирғизистон мебошад.

Корӣ Удовички, мудири минтақавии Барномаи рушди Созмони Милал дар муаррифии гузориши тақрибан 70-саҳифагии “Арзёбии хатароти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» мегӯяд, бо бадтар шудани вазъи таъмини мардум бо нерӯи барқ дар Тоҷикистону Қирғизистон эҳтимоли сар задани вазъи фавқуллодаи башарӣ дар моҳҳои февралу марти ҳамин сол вуҷуд дорад. Ва агар ҳатто чунин ҳам нашавад, коҳиши беҳади об дар обанборҳои ду кишвар, заминаҳоро барои такрори мушкил дар солҳои оянда хоҳад гузошт.

Муаллифони арзёбӣ бо тасвири азоби мардум ва вазъи машаққатбори зимистони қаҳратуни соли гузашта гуфтаанд, ҳам ҷомеаи байнулмилал ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон бояд худро барои расидагӣ ба ин гуна бӯҳронҳо ва паёмадҳои давомдори дурусттар омода кунанд. Ва тавсия додаанд, то ҳукумати Тоҷикистон мақоми вазорати ҳолатҳои изтирориро, ки ду сол пештар ба кумита табдил дода шуд, барқарор кунад. Таври маълум, зимистони қаҳратун бар изофаи хушксоливу болоравии қиматҳо вазъи мардум дар Тоҷикистонро бад кард ва то андозае, ки гуфтаи ҳукумат бештар аз 2 миллиону 200 ҳазор нафар акнун дар таъмини худ бо маводи ғизоӣ мушкилӣ мекашанд.

Бен Слей, коршиноси иқтисодӣ дар дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Братислава, ки даҳ рӯз пеш аз Тоҷикистон баргаштааст, гуфт, расидагӣ ба масъалаи норасоии обу энержӣ ва амнияти ғизоӣ дар минтақа то кунун муносиб набудааст ва аз ин хотир мардум ҳар сол ранҷ мекашанд.

Чун масъалаи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо обанбори бузургаш ва мухолифати Ӯзбакистон ба ин тарҳ ҳоло ба як масъалаи доғ миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон табдил ёфтааст, Бен Слей гуфт, дар ин амр ҳамкории кишварҳои минтақа зарур аст ва ҳамчунин истифодаи дурусти захираҳои об дар дохили кишварҳо, ки беш аз ҳаду беҳуда сарф мешавад. Аз ҷумла, дар кишварҳои поёнобе ба мисли Туркманистону Ӯзбакистон ҳар нафар миқдори оберо истифода мебарад, ки сокинони Амрико ва кишварҳои аврупои ғарбӣ истифода намекунанд. Шабакаҳои фарсудаву қадимӣ ва усулҳои бесамари истифодаи об, ба гуфтаи Бен Слей, як омили дигари норасоии об дар минтақаи гарме ба мисли Осиёи Марказист.
XS
SM
MD
LG