Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолбрук вориди пойтахти Афғонистон шуд


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон, имрӯз дар идомаи силсиласафараш ба минтақа, вориди Кобул шуд. Дар пешорӯи боздиди Ҳолбрук тадобири амниятӣ дар Кобул шадидтар шудааст. Дидори Ҳолбрук аз пойтахти Афғонистон ҳамагӣ як рӯз баъд аз ҳамлаҳои аз пеш тарҳшудаи ҷангиёни толиб болои се муассисаи давлатӣ дар Кобул сурат мегирад, ки дасти кам 20 нафарро кушта барҷой гузошт. Ҳамаи 8 ҳамлагар низ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG