Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Камобӣ - таҳдиде барои амнияти Осиёи Марказӣ


Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев шиддати мушкилоти об дар Осиёи Марказиро яке аз таҳдидҳои беруна ба амнияти кишвараш арзёбӣ кардааст.

Вай афзудааст, ки авҷи тундгароии мазҳабӣ дар қаламрави Қирғизистон низ амнияти Қирғизистонро ба таҳдиди сахт мувоҷеҳ хоҳад кард.

Бино ба дафтари матбуоти дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, зимни ширкат дар ҷаласаи Шӯрои амният, ки гуфта мешавад, пушти барҳои баста сурат гирифт, консепсияи амнияти миллӣ ва вазъи ҳифзи муҳит ва экологияи кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба гуфтаи ӯ мушкилоти камбуди об, ки интизор меравад, авзоъи Осиёи Марказиро ба ташаннуҷ рӯ ба рӯ хоҳад кард, бояд бо дарназардошти манофеъи кишварҳои минтақа ҳаллу фасл шавад.

Қурмонбек Боқиев тахмин задааст, ки бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии «Қамбарота»-1 ва «Қамбарота»-2 дар мавриди коҳиши таҳдиди мушкилоти об дар Осиёи Марказӣ хеле мусоидат хоҳад кард.

Бояд гуфт, президент Боқиев рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон зимни мулоқот бо хабарнигорон низ ба ин мавзӯъ таваққуф намуд. Ба гуфтаи президент Боқиев, бунёди нерӯгоҳҳои «Қамбарота»-1 ва «Қамбарота»-2 барои кишварҳои ҳамҷавори Қирғизистон ҷиҳати таъмини оби рӯдхонаҳо ягон таъсири манфӣ эҷод нахоҳанд кард.

Президент Боқиев мегӯяд, бунёди нерӯгоҳҳои барқ дар болои рӯдхонаи Норин ҳаҷми бештари обро захира хоҳад кард, аз ин лиҳоз мақомоти кишварҳои Қазоқистон ва Узбакистон бунёди ин нерӯгоҳҳоро бояд бо хушҳолӣ бипазиранд.

Вай гуфт, ки фасли сармо Қирғизистон дар обанборҳои Тухтагул ва «Қамбарота»-1 ва «Қамбарота»-2 обро захира хоҳад шуд ва дар фасли тобистон кишварҳои фаромарзӣ онро барои обёрии кишти зироат истифода хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG