Пайвандҳои дастрасӣ

Чарлз Дарвин имрӯз 200-сола шуд


Имрӯз Чарлз Дарвин, олими табиатшиноси инглис ва муаллифи назарияи ҷаҳонгири эволютсия 200-сола мешавад. Дарвин 12 феврали соли 1809 ба дунё омада, 150 сол қабл бузургтарин асари худ бо номи “Пайдоиши анвоъ”-ро ба дасти чоп супурд. Чарлз Дарвин аз ҷумла мегуфт, инсон таҳти таъсири муҳити атроф аз маймун пайдо шудааст. Имрӯз ба хотири гиромидошти Чарлз Дарвин танҳо дар Бритониё баргузории беш аз 300 маросими вижа , аз ҷумла як расми гулгузорӣ дар мазори ӯ дар калисои Венсминстери Лондон, дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG