Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирофоти Исломобод дар мавриди ҳамлаҳои Мумбай


Покистон барои нахустин бор эътироф кард, ки омилони ҳамлаҳои моҳи ноябр алайҳи шаҳри Мумбайи Ҳинд тарҳи он ҳамалотро қисман дар хоки Покистон кашидаанд. Малик Раҳмон, як раҳбари аршади вазорати умури дохилаи Покистон, гуфт, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки метавонад мунҷар ба таъқибу боздошти афроди истода дар паси ҳамлаҳои моҳи ноябр шавад:“ Бахше аз он қасди ҳамла дар Покистон таҳия шуда, бар асоси маълумоти расида, бахши аъзами онҳо таҳти боздошти мо қарор доранд.” Раҳмон Малик гуфт, афроди дахил дар ҳамлаҳои Мумбай рабте бо давлати Покистон надоранд. Ӯ аз Ҳинд даъват кард, дар таъқиби тарроҳони ҳамлаҳои Мумбай бештар ҳамкорӣ кунад. Дар ҳамлаҳои моҳи ноябр дар Мумбай, пойтахти тиҷоратии Ҳинд, 179 нафар бо шумули 9 ҳамлагар, кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG