Дар ҷумҳурии Ингушистони Русия дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои вижаи Русия ба хотири боздошти афроде, ки бовар мерафт, ҷангиёни исломӣ бошанд, дасти кам 6 нафар кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, инфиҷор боиси тахриб шудани як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Назран шуд. Дар натиҷа 4 афсари ОМОН кушта шуда, ҷасади ду чирикии кушташударо аз зери овори он сохтмон берун оварданд.