Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои маргталабона дар Пактико ва Нимрӯз


Бар асари ду ҳамлаи маргталабона дар шарқ ва ғарби Афғонистон 2 маъмури амниятӣ кушта ва 12 тани дигар захмӣ шуданд. Як маъмури пулис бар асари таркиш дар сохтмони пулис дар шаҳри Шрена, маркази вилояти Пактико кушта шуд. Дар ин ҳамла 10 маъмури пулис ҷароҳат бардоштанд. Маргталаби дигар рӯзи чоршанбе корвони артиши Афғонистонро дар вилояти Нимрӯз ҳадафи ҳамла қарор дод. Ин ҳамла як сарбозро кушта ва дуи дигарро захмӣ барҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG