Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи Шешел дар додгоҳи Ҳейг муттаваққиф шуд


Қозиёни додгоҳи Ҳейг, ки ба муҳокимаи ҷиноёти марбут ба даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Югославияи собиқ машғул аст, мурофиаи парвандаи Воислав Шешел, раҳбари тундрави қавмгароёни сербро мутаваққиф карданд. Додситон гуфт, ки тарсондани шоҳидон ҷараёни таҳқиқи парвандаи Шешелро халалдор кардааст. Сухангӯи додгоҳи Ҳейг Нерма Елачич гуфт, мурофиаи Шешел то замони судури ҳукми нави қозиён дар ҳоли тавқиф боқӣ хоҳад монд. Шешел раҳбарии ҳизби қавмгарои радикал, бузургтарин ҳизби мухолифи Сербистонро бар ӯҳда дошта, ба суханрониҳои адоватбарангез дар замони ҷанги шаҳрвандии Югославия муттаҳам мешавад. Аммо худи ӯ ин иттиҳомро эътироф намекунад.
XS
SM
MD
LG