Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолбрук имрӯз аз Кобул дидан мекунад


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон, имрӯз дар идомаи силсиласафараш ба минтақа, вориди Кобул мешавад. Дидори Ҳолбрук аз пойтахти Афғонистон ҳамагӣ як рӯз баъд аз ҳамлаҳои аз пеш тарҳшудаи ҷангиёни толиб болои се муассисаи давлатӣ дар Кобул сурат мегирад, ки дасти кам 20 нафарро кушта барҷой гузошт. Тайи як амалиёти вижаи амниятӣ, ки 3 соат тӯл кашид, ҳамаи 8 ҳамлагар низ кушта шуданд. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз қавли Амруллоҳ Солеҳ, раҳбари Хадамоти амнияти Афғонистон, навишт, ки ҳамлагарон дар пайи ирсоли як нома ба раҳбари ин шабакаи террор дар Покистон даст ба ин ҳамлаҳо задаанд. Покистон ҳанӯз ба ин иддао посух нагуфтааст.
XS
SM
MD
LG