Пайвандҳои дастрасӣ

Ба ҳам бархӯрдани ду моҳвора дар мадор


Ду моҳвораи мухобиротии Амрикову Русия дар мадори Замин ба ҳам бархӯрдаанд. Ин нахустин чунин сониҳаи кайҳонӣ дар мадор ба шумор меравад. НАСА, Ожонси кайҳоншиносии Амрико, гуфт, бархӯрди моҳвораи тиҷоратии “Ирдиум” бо як моҳвораи ғайрифаъоли Русия дар баландии тақрибан 800 километр рух додааст. НАСА гуфт, аз маҳалли таркиш ду дуди ғафс бархостааст, вале боз ҳафтаҳо лозим аст, ки иқтидори таркиш дақиқ карда шавад. Моҳвораи амрикоӣ 560 кило ва моҳвораи русӣ наздики 1 тонна вазн доштааст.
XS
SM
MD
LG