Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзо шудани қарордодҳо миёни Литва ва Тоҷикистон


Имрӯз дар Вилнюс дар пайи мулоқоти якбаяки руасои ҷумҳуриҳои Литва ва Тоҷикистон Валдус Адамкус ва Эмомалӣ Раҳмон байни ду кишвар созишнома дар мавриди ҷилавгирӣ аз андозбандии такрорӣ ба имзо расид. Ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати таъсиси куммиссиюни муштараки байнидавлатӣ тавофуқ карданд. Ҳамчунин тавофуқ шуда, ки Тоҷикистон дар роҳи содироти молу колояш ба Аврупо аз бандарҳои Литва, аз ҷумла аз бандари Клайпейда истифода барад ва Литва ба навбаи худ, дар амри транзити молу колояш ба бозорҳои Осиёи марказиву ҷанубӣ аз қаламрави Тоҷикистон истифода кунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи силсиласафари шашрӯзааш ба кишварҳои Аврупо аз Брюссел вориди Вилнюс шуд.
XS
SM
MD
LG