Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони Узбакистон ба Душанбе меоянд


Иҷлосияи дуввуми куммиссиюни ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон дар нимаи дуввуми моҳи феврал дар Душанбе доир хоҳад шуд. Мақомоти вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегӯянд, дар ин иҷлосия масоили марбут ба равобити ду кишвар дар соҳоти нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти заминиву ҳавоӣ ва роҳи оҳан, заминшиносӣ ва ҳифзи муҳити зист мавриди баҳси ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт. Вале як мавзӯъи аслии ин иҷлос баҳси масоили обу барқ, аз ҷумла транзити нирӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути шабакаҳои интиқоли нирӯи барқи Узбакистон хоҳад шуд. Туркманистон мебоист дар ин фасли сармо ба Тоҷикистон 1 миллиарду 200 миллион киловатт-соат нирӯи барқ медод. Вале Тошканд транзити нирӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро аз 27 декабр манъ кард, ки ин мунҷар ба амиқтар шудани бӯҳрони энержӣ дар Тоҷикистон шуд.
XS
SM
MD
LG