Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафтаномаи «Фараж» посухи роҳбарияти ширкати Талко ба сӯҳбати нашрия бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар шумораи қаблиашро мунташир кардааст.

Масъулони ин корхона кӯшидаанд бифаҳмонанд, ки «Талко» яке аз корхонаҳои муҳими саноатии Тоҷикистон аст, ки ба рушди иқтисодӣ дар кишвар саҳм мегузорад. Масъулони «Талко» гуфтаанд, ки масъалаи ба фурӯш гузоштани корхонаи алюминиюм аз сӯи чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагон қаблан низ матраҳ шуда ва онҳо хоста буданд, ки ин мавзӯъ оммавӣ шавад. Вале ин корхона фурӯхта намешавад. Зеро он мояи ифтихори давлат аст.

Дар ҳамин ҳол «Нигоҳ» зери унвони «Узри ҳукумат дар мавриди норасоии барқро қабул доред?» як назарсанҷиеро доир ва дар ин робита посухҳои раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мӯсо Асозада ва муовни раиси ҲСДТ Шокирҷони Ҳакимро дарҷ кардааст. Нашрия менависад, ки чанде қабл масъулони ширкати «Барқи тоҷик» барои пеш омадани як чунин мушкил узр пурсида, мардумро ба сабру таҳаммул даъват карда буданд, вале инак шароити ин реҷа боз шаддидтар шуд ва дар Душане низ тақрибан чун деҳот барқ ҳамарӯза интиқол дода намешавад.

Мӯсо Асозода гуфтааст, ки, бале, узри ҳукуматро қабул дорад ва афзудааст, ки шаҳрвандон бояд донанд, ки мо ҳоло танҳо барқи худиро истифода мебарем. Дар чунин вазъ мо бояд ҳукуматро дастгирӣ кунем ё ҳеҷ набошад кӯшиш кунем, ки ба ҳукумат халал нарасонем. Зеро Узбакистон тронзити барқи Туркманистонро иҷоза намедиҳад.

Аммо Шоркиҷони Ҳаким мегӯяд, ин узрро қабул надорад. Зеро, мегӯяд ӯ, масъулони ҳукумат бояд дар ҳар ҳолати фавқуллода омода бошанд. Таъмини мардум бо гармӣ вазифаи ҳукумат аст. Ҳукумат мебоист ва вазифадор буд, ки бо Узбакистон ба ҳусни тафоҳум расад. Гузашта аз ин, афзудааст оқои Ҳаким, чун бемасъулиятии масъулон хароҷоти аҳолиро бештар кард, бигзор чора андешанду ин заррарро ҷуброн кунанд.

Вале нашрияи «Ҷомеа» сӯҳбати коршинсонро дар робита ба нақши васоити ахбори умум дар ҷомеа таҳти унвони «ВАО ва ҳукумат: ҳамкор ё мухолиф» ба нашр расонидааст. Аз ҷумла устоди факелтаи журналистика Иброҳими Усмон гутфааст, ки ҳоло ҳукумат ВАО-и хусусиро ба маҳфилҳои худаш ҷалб мекунад, бо ҳамроҳ гирифтан дар сафарҳои хориҷӣ роҳбарони расонаҳоро ҳавасманд мекунад. Аммо ин дар Кодекси ахлоқи журналистони ИМА чизи номаъқул дониста шудааст, ин хел буданаш даркор нест. Яъне ин тобеияти пӯшидаи маънавиро ба назар меорад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаномаи «Эйжа плас» як сӯҳбати муфасалеро бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви маҷлиси миллии Тоҷикистон, ба унвони як соҳибкор дар арсаи парвариш ва коркардаи пахта мунташир кардааст. Оқои Тӯраҷонзода мушкилоти мавҷуд дар ин арсаи барои иқтисоди кишвар муҳимро бо такя ба таҷрибаи шахсии худ арзёбӣ ва барои ислоҳи авзоъ пешниҳодҳо низ баён кардааст. Ба ақидаи ӯ, молиёте ки ҳоло барои заминҳои кишти пахта ҷорӣ шудааст, гарон аст ва он яке аз мавонеи рушди ин соҳаи кишварзӣ шудааст. Аз сӯи дигар, мегӯяд оқои Тӯраҷонзода, воҳидҳои кишоварзие ки камтар аз 15 гектар замини пахта доранд, дар бештари ҳолатҳо ҳосили баланд рӯёнидаанд, аммо онҳое ки ҳанӯз ҳам бо низоми колхозҳои пешина кор мекунанд, ин соҳаро дучори мукшкил кардаанд. Ӯ чунин ақида дорад, ки табдили замин ба моликияти хусусӣ вале бо шароити хос, ки ҳам давлат ва ҳам деҳқон аз он баҳаравар шавад, яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти ин арса хоҳад буд.

Ва дар охир як матлаб аз ҳафтаномаи «Миллат». Ин нашрия таҳти унвони «Иди Валентин ҷойиз нест» матлаберо дар робита ба ин ид, ки ид ва ё рӯзи ошиқон аст, мунташир кардааст. Муаллифи матлаб устоди донишгоҳи ИсломииТоҷикистон Рустам Носиров ин идро иди бутпарастон ва насрониён хонда, таҷлили он аз сӯи мусалмононро ҷойиз нашуморидааст. Ӯ гуфтааст, ки ин ид аз нигоҳи эътиқод бегона аст ва он аз ислом нест. Вале ислом ишқ бо занро манъ накардааст, балки гуфтааст, марди мусалмон на фақат дар як рӯзи муайян, маслан 14 феврал, дӯст дорад, балки ҳар нафасу ҳар лаҳзаву ҳар рӯз сол бояд дӯст дорад, яъне муҳаббати зану шавҳар рӯзе муайян надорад.
XS
SM
MD
LG