Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 2 медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки барои гиромидошти хотираи сарбози интернасионалист Виталий Гордеев барои бори 22-юм баргузор шуд, ҳудуди 300 нафар гуштигирон аз Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, шарафи варзиши тоҷикро дар ин мусобиқа паҷ нафар дар навъи самбои варзишӣ ҳимоя карданд. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Олим Зикаев дар вазни то 57 кг бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, ҷои аввалро касб намуд ва бо медали тиллои мусобиқа мукофотонида шуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Сулаймон Сулаймонов дар вазни то 74 кг ҷои севумро гирифт ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар панҷ вазн гуштигирони қирғиз ва дар се вазни дигар намояндагони Қазоқистон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Ба иттилоъи Маҳмуди Абдуллоҳ паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Беларус, ки яке аз даврҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ширкат хоҳанд кард. Ин мусобиқа рӯзҳои 17-ум - 18-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG