Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз фиристодаи вижаи Амрико вориди Кобул мешавад


Қарор аст, имрӯз Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон вориди Кобул шавад. Ин дар ҳолест, ки дирӯз нируҳои Толибон дар се ҳамлаи ҳамоҳангшуда ба биноҳои давлатӣ дар Кобул дастикам 20 нафарро куштанд. Дар давоми се соати амалиёт ҳамаи 8 нафар ҳамлакунандагони толиб кушта шудаанд. Амруллоҳ Солеҳ, раиси хадамоти кашфи Афғонистон гуфтааст, ҳамлакунандагон баъд аз фиристодани паём ба раҳбари яке аз гурӯҳҳои террористӣ дар Покистон ба ин ҳамла оғоз кардаанд. Мақомоти Покистон дар ин бора тавзеҳот надодаанд.

XS
SM
MD
LG